Ду минтақаи дигари Суғд нақшаи даъватро 100% иҷро кардаанд
Шаҳристону Зафаробод, ду минтақаи дигари вилояти Суғд низ аз иҷрои нақшаи даъват ба хидмати ҳарбӣ гузориш додаанд.
Манбаи “Озодагон” аз Комиссариати ҳарбӣ иттилоъ дод, ки то имрӯз шаҳру навоҳии Истиқлол, Куҳистони Мастчоҳ, Зафаробод ва Шаҳристон нақшаи даъвати тирамоҳии наваскаронро 100 дарсад иҷро кардаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 66% иҷро гардидааст.
Даъвати тирамоҳӣ аз якуми моҳи ҷорӣ оғоз шуда, тибқи фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон шаҳрвандони солҳои таваллуди 1988-1997-ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мегарданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |