Ҳамзамон, сарварони давлатҳои ғарбӣ бо шумули ИМА аз ҳалокати Қаззофӣ истиқбол карда, қатли сарҳангро «поёни замони диктатура ва истибдод» дар Либия хондаанд. Барак Обама, президенти Амрико, ки аз пуштибонони фаъоли оғози дахолати НАТО дар Либия аст, гуфт, ин ба маънои итмоми як давраи «нохуб» ва пур аз дард барои мардуми Либия аст. Акнун либиягиҳо метавонанд, сарнавишти худро худашон муайян кунанд. Ба ҳамин монанд, раиси Комиссияи Аврупо Жозе Баррозо, дабири кулли СММ Пан Ги Мун, президенти Фаронса Никола Саркозӣ, нахуствазири Британия Девид Кэмэрон ва дабири кулли НАТО Андерс фог Расмуссен кушта шудани Муаммар Қаззофиро ба гунае «пирӯзии демократия дар Либия» шарҳ додаанд.
Аммо акнун суоли матраҳ ин аст, ки Қаззофӣ «шаҳид» аст, ё «истибдодгар» ва ё «қурбонӣ»-и нави сиёсат? Сарҳанги мақтул, ҳанӯз ду моҳ қабл, аснои нооромиҳо ва пайкорҳои низомии тайёраҳои НАТО дар Ливия, эълом дошта буд, ки: « Қасам мехӯрам, ки то қатраи хуни охирин ва то дами шаҳодат ва ё пирӯзӣ хоҳам ҷангид». Зимнан, сухангӯи роҳбари Либия ба шабакаи телевизионии «Ал-Уруба» изҳор дошта буд, ки Қаззофӣ ба ҳеч ваҷҳ Либияро ба чирикиҳо вогузор намекунад ва ӯ омода аст, ки солҳои тӯлонӣ бо онҳо биҷангад, ҳатто агар Либия ба «хокистар» табдил шавад ҳам».
PS: Муаммар Қаззофӣ соли 1942 дар шаҳри Сирт, ки он замон дашти биёбонмонанде буд, ба дунё омадааст. Дар синни 27-солагиаш, ки он вақт унвони капитаниро дошт (соли 1969) аснои як табаддулоти ҳарбӣ шоҳ Идриси 1-ро аз тахт барканор карда, ба сари қудрат омад ва тайи 42-сол зимоми ҳукуматро дар Либия ба даст гирифт. Бино ба навиштаи расонаҳои хориҷӣ Қаззофӣ ба тарҳҳои бузурге, чун сохтани лӯлаи об ба хотири таъмини шаҳрҳои шимоли Либия бо оби ошомиданӣ аз обҳои зеризаминии Саҳрои Кабир кӯшиш мекард, гурӯҳҳои инқилобиро бо пул таъмин мекард. Дар гузаштаи начандон дур, Қаззофиро дар ин минтақа ҳатто «Че Гевара»-и африқоӣ меномиданд. Ҳамин тавр, дар сохторҳои расмии давлати Либия ягон мақоми расмӣ надошт, балки худро фақат “раҳбари инқилоб” мехонд.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |