Шикояти Абдуҳалим Ғаффоров аз кормандони БДА ба генерал Саидов
Абдуҳаллим Ғаффоров, раҳбари Ҳизби сотсиалистӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон, имрӯз, 21 октябр аз кормандони Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) ба раҳбари ин ниҳод генерал Маҳмадсаид Саидов шикоят кард.
Ба қавли оқои Ғаффоров, ҳангоми дар беморхона қарор доштан кормандони БДА рақами мошинашро кандаанд: “Ин чӣ гуна муносибати кормандони БДА бо вакили парлумон аст”.
Раиси Ҳизби сотсиалистӣ аз Саидов хост, кормандони ниҳоди тобеаш дастурамали Маҷлиси намояндагонро риоя кунанд. Ғаффоров дар шарҳи ҳодиса ба хабарнигори "Озодагон" афзуд, "бо мошини хидматиам як моҳ қабл дар яке аз беморхонаҳои Душанбе будам. Дар мошин ронандаам буд. Вақте баромадам, рақамҳои мошин набуданд, ронанда гуфт корманди БДА кандааст. Ба корманди БДА дастурамали Маҷлиси намояндагонро фаҳмондам, ки нозири БДА ҳаққи ҳатто тафтиши ҳуҷҷатҳои депутат ва кушодани дари мошинашро надорад. Баъди ин рақамҳоро гардонданд".
Генерал Саидов ба хабарнигорон гуфт, нозирони БДА кӣ будани соҳиби мошинро надонистаанд.
Маҳмадсаид Саидов ба парлумон барои муаррифии тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи боҷи давлатӣ ҳозир шуда буд, ки ҷузъиёти онро "Озодагон" ба зудӣ пешниҳоди хонандагон мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |