Ихтисоси боз 5,9 млн $ барои “Истиқлол”: Вазир мегӯяд боз 10 млн $ лозим аст...
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 21 октябр ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ бо Эрон оиди идомаи бозсозӣ дар нақби Истиқлолро тасвиб кард, ки тибқи он боз 5,9 миллион доллари дигар барои нақб ҷудо мегардад.
Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, 50 фоизи ин маблағро ҷониби Эрон ва 50 фоизи дигарро Тоҷикистон ҷудо мекунад, ки бо назардошти 3 миллион доллари қаблӣ дар маҷмуъ 9 миллион долларро ташкил медиҳад.
Вазири нақлиёт мушкили асосии нақби Истиқлолро корҳои оббандкунӣ гуфт, ки феълан идома доранд. Ӯ таъкид намуд, ки барои пурра ба анҷом расондани сохтмону бозсозии “Истиқлол” боз 10 миллион доллари дигар лозим мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |