Боздошти корманди меҳмонхона барои ташкили фоҳишахона
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 39-солаи ноҳияи Файзобод иттилоъ дод, ки дар ташкили фоҳишахона дар Душанбе муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ боздоштшуда, ки дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе кор мекардааст, 19 октябр аз 22:30 то 23:30-дақиқа ҳуҷраҳои меҳмонхонаро ба фоҳишахона табдил додааст: “Аз ҷумла ба шаҳрвандон - марди 23-сола ва зани 18-сола аз ноҳияи Ҳамадонӣ, марди 19-солаи сокини ноҳияи Панҷакент ва зани 20-солаи сокини ноҳияи Ёвон, марди 23-солаи сокини шаҳри Душанбе ва зани 19-солаи сокини шаҳри Чкалов, инчунин марди 35-солаи сокини ноҳияи Дарвоз ва зани 29-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ барои алоқаи ҷинсӣ шароит фароҳам оварда, аз онҳо 750 сомонӣ гирифтааст”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |