Асабшиносӣ - бахши муҳими тибб
Маркази матбуоти Бемористони Ибни Сино
Шӯъбаи асабшиносии Бемористони Ибни Сино яке аз бахшҳои ҷавонтарини бемористон ба шумор меравад ва чанд вақт пеш ба фаъолияти худ шурӯъ кард. Асабшиносӣ бахши муҳими тибби муосир ба шумор меравад ва бо масоили пайдоиши бемориҳои системи марказӣ ва ғайримарказии асаб, ташхис, пешгирӣ ва табобати онҳо машғул мебошад. Системаи асаби инсон яке аз муҳимтарин таркибҳои организми одамӣ ба шумор меравад ва аҳамияти он аз касе пӯшида нест.
Ҳар халал дар кори системаи асаб метавонад пасомадҳои ногувор барои фаъолияти тамоми организми одамӣ дошта бошад. Барои равшании бештар андохтан ба ин мавзӯъ, мо бо чанд савол ба мутахассисиси шӯъбаи асабшиносии бемористон доктор Ғуломов Шарифҷон Ғуломович муроҷиат намудем. Доктор Ғуломов мутахассиси асабшиноси (невропотолог) дорои таҷрибаи калон дар соҳаи табобати бемориҳои системаи асаб ба шумор меравад. Ӯ дар Шӯъбаи бемориҳои сактаи мағзи сари Беморхонаи Ҷумҳуриявии Қарияи Боло фаъолият намуда, дар пойтахти кишвари Руссия шаҳри Маскав ихтисоси худро такмил додааст.
Дар сӯҳбат бо мо доктор Ғуломов иброз намуданд, ки дар бахши асабшносии бемористон онҳо бо истифода аз шеваҳои ҷадид бемориҳои гуногуни системаи асабро ташхис ва табобат мекунанд. Аз ҷумла:
- сактаҳои мағзӣ дар марҳалаи барқароршавиашон ( бо сабаби камхунӣ ё хунрезии зиёд ба мағзи сар);
- фалаҷҳо;
- остеохандроз;
- дарди миён (ки аз ҳисоби асаб ба вуқӯъ мепайвандад);
- хастагии асаб;
- фаромӯшхотирӣ;
- боқимондаҳои сактаи мағзӣ;
- неврозҳо;
- мигрен (дарди сари нимсара) ва ғ.
Ба гуфти доктор Ғуломов барои ташхиси дурусти ин навъи бемориҳо дар бахши асабшиносии бемористон онҳо аз ултрасадо, ретген, томографияи компютерӣ ва таҳқиқотҳои озмоишгоҳӣ истифода мекунанд. Доктор Ғуломов инчунин таъкид намуд, ки дар аксар мавридҳо беморон бо ташхиси остеохондроз муроҷиат менамоянд. Аслан ин бемории музмини сутунмӯҳра буда тақрибан 80% одамони калонсол ба ин беморӣ гирифтор мебошанд.
Намудҳои остеоҳондроз:
• отеохондрози қисмати гардан;
• остеохондрози қисмати кундаи сина;
• остеохондрози қисмати миён;
• остеохондрози як чанд қисмати сутунмӯҳра.
Сабабҳои пайдоиши остеохондроз:
• камҳаракатӣ;
• вазни зиёди бадан;
• тамокукашӣ;
• сарбории зиёди ҷисмонӣ;
• ҳамвории кафи пой.
Нишонаҳои бемории остеохондроз;
• дарди сар;
• сарчархзанӣ;
• дарди гардан;
• паст шудани ҳасосият;
• дард дар кундаи сина;
• карахтшави дар қисмати кундаи сина;
• дарди пой;
Табобати остеохондроз бо воситаҳои доруворӣ, физиотерапевтӣ ва варзиши табобатӣ ба раҳ монда мешавад. Шакл ва усули табабатро пизишк муайян менамояд.
Агар Шумо дар худ ё наздконатон аломатҳои зеринро мушоҳида кардед, фавран ба мутахассиси асабшинос муроҷиат намоед. Бахши асабшиносии Бемористони Ибни Сино тамоми шароитҳоро барои ташхис ва табобати бо сифати бемориҳои асаб доро мебошад. Ба хотири дастрасии бештари мардум ба хизматрасониҳои муосири тиббӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҷомеъа, дар назди бемористон ташкилоти суғуртавии "Суғуртаи миллӣ" фаъолият мекунад. Бо истифода аз барномаҳои ин ташкилот Шумо метавонед хароҷоти худ ва наздиконатонро ба маротиб коҳиш диҳед.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |