Президент бузургтарин иншооти энергетикӣ дар шаҳри Хуҷандро ифтитоҳ намуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 20 октябр дар шаҳри Хуҷанд зеристгоҳи “Ваҳдат”-ро, ки бузургтарин иншооти нави энергетикии ин шаҳр дар замони истиқлол гуфта мешавад, ифтитоҳ намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, зеристгоҳи мазкур бо харҷи 4,5 миллион евро маблағҳои ҳукумати Тоҷикистон ва ҷалби сармояи се бонки аврупоӣ - Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, Бонки сармоягузории рушд ва Комиссияи иқтисодии Аврупо бунёд шудааст.
Манбаъ мегӯяд, дар маҷмӯъ барои сохтмони ин зеристгоҳ, насби ҳисобкунакҳо ва беҳсозоии шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд аз ҳамин сарчашмаҳо ҷудо намудани 22 миллион евро пешбинӣ шудааст: “Зеристгоҳи барқии 110/10 кВ “Ваҳдат” бо 2 трансформатори ҳар кадоме 16 мегаватт дар доираи лоиҳаи “Паст намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Суғд” бунёд ёфтааст”.
Ба иттилои манбаъ, ба ин зеристгоҳ технологияи беҳтарин аз Аврупо ворид шудааст, вале ҳамаи корҳои сохтмон ва васлу насби таҷҳизот пурра аз ҷониби ширкатҳо ва мутахассисони ватанӣ анҷом ёфтаанд: “Ба кори босифати коргарони ширкатҳои сохтмонии ватанӣ Президенти мамлакат баҳои баланд дод”.
Дафтари матбуоти президент мегӯяд, лоиҳаи мазкур барои системаи барқрасонии шаҳри Хуҷанд хеле муҳим буда, дар маҷмӯъ зеристгоҳи барқии нав то 25 фоизи шаҳри Хуҷандро “бо барқи хушсифат таъмин менамояд”. Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо намояндагони созмонҳои молиявӣ ба онҳо барои саҳми муносибашон дар бунёди зеристгоҳ изҳори сипос намуда, таъкид доштааст, ки барои таҳкими ҳамкории судманд дар самти рушди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон имкониятҳо фаровонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |