Сафорати Русия: Шарҳҳои зиддирусии марги Умар мухолифи дӯстии мост
Сафорати Русия дар Тоҷикистон бо пахши як изҳорот аз бархе шарҳҳои шитобзадаи марбут ба марги Умаралӣ Назарови 5-моҳа нигаронӣ кардааст, ки алайҳи Русия равона шудаанд.
Тибқи изҳороти ин ниҳод дар робита ба марги Умаралӣ Назаров дар ВАО-и Тоҷикистон шарҳҳои шитобзадаи зиддирусиягӣ пайдо шудаанд, ки ба манфиати нерӯҳои мухолифи дӯстӣ, густариши муносибатҳо ва наздикшавии Тоҷикистону Русия мебошанд: “Ин ҳам дар замонест, ки моро лозим аст барои мубориза бо терроризму ифротгароии динӣ бо ҳам муттаҳид бошем”.
Сафорат инчунин ба волидайни Умаралӣ Назаров изҳори таслият карда, афзудааст, тафтишоти ин парвандаи фоҷеабор таҳти назорати раҳбарияти Вазорати умури хориҷии Русия қарор дорад: “Барои рӯшан кардани ҳамаи ҳолатҳои ин қазия Вазорати умури хориҷии Русия ба Вазорати корҳои дохилӣ, Идораи хадамоти муҳоҷират, Вазорати тандурустӣ ва Додситони кулл дархост фиристодааст”.
Дар баробари ин сафорат зикр кардааст, ки Павел Астахов, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар назди раисиҷумҳури Русия ва намояндаи Вазорати умури хориҷии ин кишвар дар Санкт-Петербург ба таҳқиқи қазия пайвастаанд.
Муаллифони изҳорот афзудаанд, ки феълан таҳқиқоти аввалияи сабаби марги кӯдаки тоҷик дар ҷараён аст ва ҷомеаро даъват намудаанд, ки натиҷаҳои онро мунтазир бошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |