Эмомалӣ Раҳмон: Истаравшан дар соҳаи тиҷорат дар ҷойи аввал аст
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, шаҳри Истаравшан дар тиҷорат дар қаламрави ҷумҳурӣ мақоми аввалро касб мекунад. Ӯ ин нуктаро ҳангоми суханронӣ дар маросими оғози корҳои сохтмонии шаҳраки нави Баҳористон иброз дошт.
Тибқи иттилои торнамои расмии раисҷумҳур, дар ҳудуди шаҳраки Баҳористон барот 3 ҳазору 630 оилаи эҳтиёҷманд барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, катеҷ ва биноҳои баландошёна қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо шудааст. Бино ба навиштаи манбаъ, умуман, дар шаҳраки Баҳористон мутобиқи нақшаи генералӣ бунёди бинои маъмурии шаҳрак, як беморхона, 2 дармонгоҳ, 4 мактаб, 3 варзишгоҳ, 2 ҳаммом, бозор, истгоҳи нақлиёти мусофиркаш, дар майдони 3 га боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 3 боғчаи бачагона, 70 хонаи баландошёна, 98 коттеҷ ва дар ошёнаи якуми биноҳои баландошёна нуқтаҳои хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст: “Ҳамчунин, барои рушди соҳибкорӣ ва ҷойҳои нави корӣ дар шаҳрак бунёди минтақаи истеҳсолӣ низ дар нақша аст”.
Манбаъ мегӯяд, кӯчаи асосии шаҳрак бо дарозии умумии як километр мумфарш шуда, новаҳои обгузар хобонида шудааст ва хатти барқу оби нушокӣ низ гузаронида шудааст. Гуфта мешавад, лоиҳаи таъминоти оби нўшокии шаҳраки Баҳористон бо маблағи умумии 5 миллион сомонӣ амалӣ гардида, то ин рӯз 2 чоҳи амудӣ кофта, ба истифода дода шудааст ва хатҳои қубури 400 мм ба масофаи 2,4 км кашида шудаанд. Инчунин, корҳои сохтмонии ду ҳавзи захиравии оби нўшокии ҳаҷмаш 1500 метри мукааб низ ба итмом расидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |