Ҳушдори Убайдуллоев аз оқибати қонунпоймолкуниҳои раисони Варзобу Рӯдакӣ
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе аз истифодаи ғайритаъиноти заминҳои пойтахт, ки муваққатан ба ноҳияҳои Варзобу Рӯдакӣ вобаста шудаанд, изҳори нигаронӣ намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ Убайдуллоев 19 октябр зимни ҷаласаи васеъ зикр кардааст, 2 ҳазору 381 гектар замине, ки бо Қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 30 декабри соли 1983 барои васеъкунии қисматҳои ҷанубӣ ва шарқии Душанбе пешбинӣ гардидаанд, феълан аз ҷониби мақомоти ноҳияҳои ҳаммарзи пойтахт ғайриқонунӣ истифода мешаванд.
Раиси Душанбе таъкид кардааст, ки ин заминҳо барои истифодабарии муваққатӣ, бе ҳуқуқи сохтмонҳои капиталӣ ва шинонидани дарахтони дарозумр ба ноҳияҳои атрофи пойтахт вобаста шудаанд: “Мутаассифона дар заминҳои зикршуда ғайриқонунӣ ва бе инобати талаботи Нақшаи генералии шаҳр ва розигии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби раисони ноҳияҳои муваққатан ифодабарандаи замин - Рӯдакӣ ва Варзоб ғайритаъинот истифодашавии заминҳо роҳандозӣ карда шудааст, ки оқибатҳои нохуби ҳуқуқӣ доранд”.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ мегӯяд, дар ҷаласа барои ислоҳи вазъи ҷойдошта ва пешгирӣ аз қонунпоймолкуниҳо қарор шуд, ки масъулини Душанбе унвонии Ҳукумат, Додситонии кулл, Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе мактубҳои расмӣ ирсол намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |