Тавсифи раисиҷумҳур аз раҳбари корхонаи “Ресандаи Тоҷикистон”
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 20 октябр дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти корхонаи ресандагӣ ва бофандагии “Ресандаи Тоҷикистон” оғоз бахшид.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури кишвар, арзиши корҳои барқарорсози корхона ду миллион сомонӣ буда, коркарди солонаи он 4,5 ҳазор тонна нахи пахта мебошад. Манбаъ мегӯяд, корҳои навсозии корхона бо дастгирии ширкати олмонии БИМЭКО сурат гирифта, солона корхона ба маблағи 35 миллион сомонӣ риштаи пахтагин истеҳсол мекунад. Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, дар корхонаи мазкур дар навбати аввал 350 зан ба кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи корхона зимни боздид аз он бо шароити кори он шинос шуда, бо коргарону мутахассисон, ки аксарияташонро занон ташкил медиҳанд, суҳбати самимӣ доир кардааст: “Тавре маълум шуд, роҳбарии корхонаро соҳибкорзан Равзанабону Неъматуллоева ба уҳда дорад ва коргоҳи ресандагиро аз ширкати “Сомон Суғд” ба муҳлати дароз ба иҷора гирифтааст. Эмомалӣ Раҳмон ба ғайрату иродаи қавии ин зани тоҷик аҳсан хонда, ба онҳо дар пешбурди кори роҳбарӣ ва истеҳсоли маҳсулоти бозоргир барору комёбӣ орзу намуд. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон ин зани ботаҷриба на танҳо корхонаи куҳнаро барқарор кард, балки як қисми иқтидори корхонаро эҳё карда, маҳсулоти ба бозори ҷаҳонӣ рақобатпазирро истеҳсол карда истодааст”.
Манбаъ мегӯяд, Равзанабону Неъматуллоева ба президенти мамлакат ваъда додааст, ки дар сурати пешравии корҳо оянда бо барқарор кардани навбати дуюми коргоҳ то соли 2016 боз барои 400 нафар занони хонашин ҷойи кори доимӣ таъсис хоҳад дод. Раисиҷумҳури кишвар таъкид намудааст, ҳадафи ҳукумати мамлакат аз таъсиси корхонаҳои саноатӣ агар аз як ҷониб афзоиши истеҳсоли маҳсулоти гуногуни ба бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир бошад, пеш аз ҳама таъмини сокинон бо кор ва маоши хуб аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |