Боздошти дубораи зани маҳкумшуда барои кӯдакфурӯшӣ
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти зани 34 сола иттилоъ дод, ки дар харидуфурӯши тифли навзод муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, муайян шудааст, ки боздоштшуда-сокини 34-солаи шаҳри Душанбе рӯзи 16 сентябр дар хонаи зани 27-сола, сокини дигари пойтахт, писари навзоди худро ба зани 38-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ ба ивази 500 доллари амрикоӣ фурӯхтааст.
Манбаъ мегӯяд, сокини 34-солаи шаҳри Дешанбе қаблан низ бо моддаи 167-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон-хариду фуруши ноболиғон суд шудааст: “Феълан нисбати шаҳрвандоне, ки ба харидуфурӯши ноболиғ даст задаанд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |