Қарори Убайдуллоев барои таъсиси ноҳияи нав дар Душанбе
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе қарор кардааст, ки дар ҳудуди пойтахт як ноҳияи нав ташкил карда шавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Убайдуллоев, 19 октябр зимни ҷаласаи мақомоти шаҳри Душанбе изҳор доштааст, ки тасмими ташкили ноҳияи нав дар ҳудуди пойтахт барои мукаммал намудани сохти марзиву маъмурии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гирифта шудааст.
Раиси Душанбе комиссияи махсус, таҳти роҳбарии муовини якумаш-Расулов.А-ро вазифадор кардааст, ки то 28 ноябр ҷиҳати таъсис додани ноҳияи нав дар ҳайати шаҳри Душанбе аз ҳисоби маҳдуд кардани ҳудуди ноҳияи Сино таҳлили амиқи сохторӣ ва иҷтимоию иқтисодии ҳудудӣ гузаронанд.
Тасмими Убайдуллоев дар ҳолест, ки феълан шаҳри Душанбе аз чор ноҳия-Сино, И.Сомонӣ, Шоҳмансур ва Фирдавсӣ иборат мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |