Бахшҳо

Президент маслиҳати Кумитаи фавқулодаро гӯш накард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба воситаи роҳи мошингард дар барфу борон 700 километрро аз Душанбе то навоҳии Суғд тай карда, дар қисмате аз ин роҳ шахсан пушти чанбари мошин нишастааст.

Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон шоми 19 октябр иттилоъ дод, Эмомалӣ Раҳмон бевосита бо ҳолати роҳҳои мошингарди аҳамияти маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ, Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан, Ғончӣ, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Чкаловск, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Қайроқум шинос шуд: “Аз ҷумла, дар як қитъаи роҳи мошингарди навбунёди Айнӣ-Панҷакент президенти мамлакат шахсан пушти чанбари мошин нишаста, сифати ин роҳро аз назар гузаронида, ба самараи кори роҳсозони тоҷику чинӣ баҳои баланд дод”.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон зикр кардааст, ки камбудиҳои ҷузъӣ дар роҳи Айнӣ-Панҷакент вуҷуд доранд, вале азбаски муҳлати сохтмони ин роҳ ҳоло анҷом наёфтааст, изҳори бовар кардааст, ҳамаи нуқсонҳои ҷойдошта бартараф мегарданд: “Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари худ ба вилояти Суғд аз нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон» убур карда, ба сифати корҳое, ки барои такмили пурраи нақби мошингарди «Истиқлол» идома дорад, баҳои баланд дод”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур таъкид мекунад, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон тариқи роҳи мошингард ба Суғд дар ҳоле сурат гирифт, ки минтақаро боришоти барфу борон фаро гирифта буд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо пахши як эълон аз тоҷикистониёну меҳмонон даъват намуд, ки ба далели номусоидии боду ҳаво нимаи дуюми моҳи октябр аз сафар ба навоҳии осебпазир, аз ҷумла кӯҳу саҳро худдорӣ кунанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2025    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)