Тошканд қатли чӯпонҳои тоҷикро аз дасти марзбонҳояш рад кард
Кумитаи марзбонии Узбакистон эълон кардааст, ки дар қатлу маҷруҳсозии чӯпонҳои тоҷик даст надорад.
Ин ниҳод бо пахши як иттилоия изҳор доштааст, ки дар навоҳии наздисарҳадии ноҳияи Ургути Узбакистон ва Панҷакенти Тоҷикистон марзшиканӣ ва тирпаронӣ аз сӯи марзбонҳои узбак ба қайд гирифта нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои сокинони наздисарҳадии Тоҷикистон 16 октябр дар ағбаи Ҷумон миёни марзи ноҳияи Ургути Узбакистону ноҳияи Панҷакенти Тоҷикистон марзбонҳои узбак тирпаронӣ кардаанд, ки дар натиҷа ду чӯпони тоҷик кушта ва се нафарашон маҷруҳ шудаанд. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, маҷруҳшудагон ба бемористон интиқол дода шуда, ҷасади кушташудагон дар дасти ҷониби Узбакистон қарор доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |