ВИДЕО: Мулоқоти Александр Терехов бо Сайфиддин Тӯраев: Ғамхорию оғӯш набуд...

Шабакаи аввали телевизиони Русия рӯзи 17 октябр филми мустанади "Маргарита Терехова. Отцы и дети"-ро намоиш додааст, ки ба мулоқоти Александр Терехови 34-сола бо падари эҳтимолияш Сайфиддин Тураев, ходими давлатии замони шӯравӣ, соҳибкор ва номзад ба мақоми раисиҷумҳури Тоҷикистон дар соли 1999 бахшида шудааст.
Александр Терехов, писари Маргарита Терехова, ки дар 34 соли ҳаёташ дар бораи кӣ будани падараш фарзияҳои гуногун - аз қабили Андрей Тарковский, Игор Талков, Александр Кайдановский ва ғайра шунидааст, дар доираи филми шабакаи аввал ба кофтукоби падараш ба Тоҷикистон омадааст. Ба гуфтаи худи Тереховаи 73-сола, падари Александр - Сайфиддин Тураев мебошад.
Мулоқоти “падару писар” дар шаҳри Истаравшан баргузор шудааст, аммо Сайфиддин Тӯраев нахостааст, ки ин саҳна ба навор гирифта шавад.
Александр Терехов дар шарҳи мулоқоти бургузоршудааш бо Тӯраев дар филми шабакаи аввали телевизиони Русия изҳор дошт, ки “мулоқоти мо чун мулоқоти бегонаҳо буд. Ӯ мегуфту ман тамошо мекардам. Монандиҳоро дидам. Ба мушоҳидаи ман чашмону лабонамон монанданд. Ғамхорию оғӯш аз ҷониби ӯ набуд ва ман ҳам ростӣ, барои ин талош накардам. Бо бародарону наздикони дигар суҳбат кардам, ҳамаашон варзишгари тануманду боқувватанд. Ман умед дорам, ки танҳо оғоз аст ва мо муоширатро идома медиҳему дар барои якдигар иттилои бештаре мегирем”.
Терехов изҳор доштааст, ки Тӯраевро шахсияти аҷоиб дарёфтааст: “Барои духтарам-Вера чунин боборо мехоҳам ва мехоҳам, ки бобо набераашро ба даст бигирад”.
Александр дар мавриди саргузашти Тураев ва модараш- Маргарита Терехова афзуд, ки “ман ошкоро суол кардам, ки маро дида истодаед, чӣ фикр доред, ман фарзанди шумоям, чун худам то ҳол дақиқ намедонам? Ӯ посух дод, ки намедонам, ман бояд фикр кунам. Дар бораи муносибатҳояш бо модарам изҳор дошт, ки мард набояд дар ин бора бигӯяд...”
Александр Терехов дар филми мустанад таъкид намудааст, ки хостори густариши робитаҳо бо падару наздикони тоҷикистонияш мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |