Гуфтанист, аснои омӯзиш мутахассисони тоҷик малакаи худро дар соҳаи равоншиносӣ, нуқсоншиносӣ ва физиотерапия афзун мекунанд. Ин имкон медиҳад, ки дар оянда ба кӯдкони имконияташон маҳдуд беҳтар хизмат расонида шавад. Ҳафиза Ҷалолова, равоншиноси Машваратхонаи равониву тиббӣ ва педагогии пойтахт мегӯяд, ки дар тренинг онҳо усулхои пешқадами кор бо кӯдаконро омӯхта истодаанд. Тренерон барои барқароркунии узвҳои ҳаракати кӯдакон аз костюмҳои махсус бо номи «Атлант» ва «Адел» истифода мекунанд. Мутаассифона, чунин таҷҳизот барои мо дастрас нест, мегӯяд ӯ. Ба гуфти Леонид Янченко, равоншинос, эҳёгар ва логопед, ки ин тренингро гузаронида истодааст, костюмҳои мазкур ба ҳисоби миёна 1100 доллари ИМА арзиш доранд ва онҳоро аз Маскав дастрас кардан мумкин аст. Истифодаи чунин костюмҳо имкон медиҳад, ки кӯдак ба ҳаракат дарояд. Масалан, ин ҷо кӯдаке ҳаст, ки дар давоми 8 рӯзи тренинг бояд худ қадам занад.
Маврид ба тазаккур аст, ки омӯзиши мазкурро мутахассисони Маркази эҳёгарии Павлодари ҷумҳурии Қазоқистон Леонид Янченко, Ирина Пупкова ва Алексндр Мякота, ки собиқаи зиёди кор бо кӯдакони имконияташон маҳдудро доранд, гузаронида истодаанд. Феълан дар Тоҷикистон нарасидани мутахассисони соҳибтаҷрибаи равоншиносӣ, нуқсоншиносӣ ва логопеду физиотерапевтҳо эҳсос мешавад, ки бояд ба кӯдакони имконияташон маҳдуд хизмат расонанд ва ба волидони онҳо маслиҳат диҳанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |