Маҳмадалиев: Бадахшон дар ҷалби наваскарон пешсаф аст
Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, дар 19 рӯзи гузашта нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи артиш 70 дарсад иҷро шудааст.
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи ин ниҳод, рӯзи 19-юми октябр ба “Озодагон” гуфт, “айни ҳол ноҳияҳои Ишкошим, Дарвоз, Шуғнон-и вилояти Бадахшон, ноҳияҳои Носири Хисрав, Темурмалик, шаҳри Сарбанд ва Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, ноҳияҳои Кӯҳистони Масчоҳ, Истиқлол, Зафаробод, Шаҳристон ва Қайроқуми вилояти Суғд нақшаро пурра иҷро карданд”.
Ба гуфтаи манбаъ, дар маҷмӯъ, нақшаи даъват дар вилояти Суғд ба 75%, вилояти Хатлон 80%, Бадахшон 81%, навоҳии тобеи марказ 50% ва дар Душанбе – 50% иҷро шудааст.
Маҳмадалиев таъкид намуд, ки дар байни вилоятҳо горнизони Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон пешсаф мебошад: “Шумораи хоҳишмандон ба хизмати ҳарбӣ дар вилояти Бадахшон хеле зиёд буда аксари ҷавонписарон баъди гирифтани нахустин даъватнома ба комисияи даъватӣ ҳозир мешаванд”.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рўзи 14-уми сентябри соли равон бо судури фармон таъкид карда буд, ки дар даъвати тирамоҳии наваскарон ҷавонони солҳои таваллуди 1988-1997 ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |