“Барқи тоҷик”: “Лимит” аз 19 октябр ҷорӣ мешавад

Ширкати “Барқи тоҷик” эълон кард, ки аз 19-уми октябри соли равон дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба истиснои пойтахт маҳдудияти таъминот бо барқ ҷорӣ мешавад.
Дар ин бора ба “Озодагон” имрӯз, 19 октябр Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” иттилоъ дода, афзуд, ки дар мавриди соатҳои маҳдудияти барқ баъдан иттилоъ дода хоҳад шуд: “Рӯзҳои наздик Муроҷиатномаи ШСХК «Барқи Тоҷик» ба мардуми Тоҷикистон, ба роҳбарони корхонаву муассисаҳо ва воситаҳои ахбори омма нашр ва паҳн мегардад, ки дар он шароиту имконияти таъминоти барқ дар давраи тирамоҳу зимистони имсола пурра тавзеҳ дода мешавад".
"Барқи тоҷик" сабаби ҷорӣ намудани маҳдудиятро сардии ҳаво ва коҳиши ҳаҷми об дар дарёи Вахш арзёбӣ мекунад, чун ба иттилои ин ширкат беш аз 98 фоизи энергияи барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегардад: "Сабаби дигари ҷорӣ намудани маҳдудият дар он аст, ки сатҳи оби обанбор ҳар қадар дар нуқтаи болотар нигоҳ дошта шавад, зимистон, ки эҳтиёҷи мардум бештар аст, бо барқ беҳтар таъмин карда мешаванд".
Эълон расмии “Барқи тоҷик” дар ҳолест, ки сокинони навоҳии кишвар шикоят доштанд, ки аз 1 октябри соли равон дастрасияшон ба нерӯи барқ маҳдуд гардида, шабона барқ намегиранд.
Дар Тоҷикистон ҳамасола дар фасли сармо маҳдудияти барқ ҷорӣ мешавад, ки одатан аз моҳи октябр то аввали апрел идома мекунад. Ин маҳдудият танҳо ба вилояти Бадахшон дахл надорад, ки сокинони он тақрибан шабонарӯзӣ аз сӯи ширкати “Помир Энержӣ” бо барқ таъмин мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |