Боздошти гумонбарон дар ғорати сокинони ноҳияи Рӯдакӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, кормандони пулис ду ҷавонеро боздошт кардаанд, ки дар дуздии пул ва ҷавоҳироти як сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба маблағи 140 ҳазор сомонӣ гумонбар мешаванд.
Тавре аз ин ниҳод хабар доданд, боздошти ин ҷавонон, ки яке 17 ва дигарӣ 18 сол доранд, дар пайи шикояти марди 34-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ сурат гирифтааст. Ин мард гуфта, рӯзи душанбеи 12 октябр, тахминан соати 09:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 2000 доллари амрикоӣ ва ҷавоҳирот, ҷамъ ба маблағи 140 ҳазор сомониро дуздида, ғайб задаанд.
ВУД мегӯяд, гумонбарон аснои гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дастгир гардидаанд: “Муайян карда шуд, ки гумонбаршудаҳо бо ҳамин роҳ аз манзили истиқоматии зани 28-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ низ маблағи пулӣ дар ҳаҷми 2000 доллари амрикоӣ ва ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 15 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд”.
Ба иттилои манбаъ, нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |