Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Муҳлати ҳузури неруҳои ИМА дар Афғонистон тамдид шуд
Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА дар робита ба афзоиши хатарҳои эҳёи Толибон ва беэътимодӣ ба тавонмандии низомии Афғонистон нақшаи берун овардани неруҳои Амрикоро аз хоки ин кишвар ҷиддан тағйир дод. Ӯ гуфтааст, 9800 низомии амрикоӣ то поёни соли 2016 дар Афғонистон мемонанд ва баъдан дар соли 2017 теъдоди онҳо то 5500 нафар кам мешавад.
Обама афзуда, неруҳои амрикоӣ дар Афғонистон баъд аз соли 2016 дар пойгоҳи ҳарбии Баграм - дар шимоли он кишвар, дар шарқ - дар Ҷалолобод, ҳамчунин дар ҷануб - дар наздикии Қандаҳор ҷойгир хоҳанд шуд. Ба гуфтаи президенти Амрико, маъмурияти онҳо мисли пештара - омӯзиши неруҳои амниятии афғон ва пуштибонӣ дар амалиёти зиддитеррористӣ хоҳад буд.
Ин изҳороти Обама, ки шоми дирӯз садо дод, ба мавқеи қаблии вай мухолифат дорад. Обама дар гузашта гуфта буд, то поёни даври дуввуми раҳбарияш дар соли 2017 ҳамаи неруҳои амрикоиро аз Афғонистон берун меорад. Вай гуфта буд, танҳо шумораи ками неруҳо барои ҳифзи сафорат дар он кишвар хоҳанд монд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |