Фойизи миёнаи амонатҳо дар 9 моҳи ахири соли равон бо пули миллӣ 15, 75% ва бо асъори хориҷӣ 14, 75%-и солонаро ташкил дод.
Бино ба иттилои бонки миллӣ, бақияи амонатҳо дар бонкҳои кишвар дар охирҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ 4,06 миллиард сомониро ташкил намуд, ки аз ин миқдор маблағ 1,44 миллиард сомониаш бо пули миллӣ ва 2,62 миллиард сомонии дигараш бо асъори хориҷӣ рост меояд. Дар таркиби бақияи ҳаҷми амонатҳо 49,2 фоиз (2,0 млрд. сомонӣ) ба шахсони ҳуқуқӣ ва 50,8 фоиз (2,1 млрд. сомонӣ)-и боқимондааш ба шахсони воқеӣ мансуб аст. Омили зиёд будани ҳаҷми амонатҳоро бо асъори хориҷӣ дар муқоиса ба пули миллӣ дар бонкҳои кишвар, бархе аз коршиносони масоили бонкдорӣ дар надоштани эътимод ба пули миллӣ, яъне сомонӣ арзёбӣ намуданд. Ин гурӯҳи соҳибназарон иброз медоранд, ки мардум ё тоҷироне ҳастанд, ки аз рӯз то рӯз коҳиш ёфтани қурби асъори миллӣ меҳаросанд ва намегузорнанд, ки аз ҳисоби амонатҳои гузоштаашон дар бонкҳо ба ҷои фоида зарар бинанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр