Арабҳо дар бораи фарҳангу тамаддун ва мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон филм мегиранд
Як гуруҳи филмбардорон аз Аморати муттаҳидаи Араб барои таҳияи филме дар бораи фарҳангу тамаддун ва мавзеъҳои сайёҳӣ ба Тоҷикистон омадаанд.
Наврӯз Қурбонов, масъули бахши матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба “Озодагон” гуфт, рӯзи 15 октябр гуруҳи филмбардоронро Аҳтам Абдуллозода, раиси кумита ба ҳузур пазируфт. Манбаъ мегӯяд, Аҳтам Абдуллозода дар суҳбат роҷеъ ба имкониятҳои соҳаи сайёҳии кишвар маълумот дода, афзуд, Тоҷикистон бо куҳҳои баланду обҳои мусаффо ва мавзеъҳои таърихию диданӣ ҳамчун кишвари сайёҳӣ аллакай эътироф гардидааст. Оқои Абдуллозода аз гуруҳи филмбардорон даъват намудааст, ки тавассути хатсайри омодагардида аз мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон ба мисли Қалъаи Ҳисор, мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, водии Зарафшон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва чашмаҳои шифобахши Тоҷикистон дидан намоянд.
Ба иттилои манбаъ, раиси кумита қайд намудааст, ки гуруҳи филмбардорон барои ошноии бештар аз фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик, суруду мусиқиҳои классикию халқӣ дар барномаҳои фарҳангӣ, ки дар Боғи Ирам доир мегардад, иштирок варзанд: “Филми мазкур дар шабкаи телевизионии “Акс Алӣ”-и Аморати муттаҳидаи Араб, ки дар бештар аз 20 давлати дунё тамошобин дорад, пахш мешавад”.
Наврӯз Қурбонов мегӯяд, гуруҳи филмбардорон аз Аморати муттаҳидаи Араб бо роҳбарии Алӣ Асалум, ки ҳамзамон роҳбарии ширкати телевизиони “Акс Алӣ”-ро ба душ дорад, аз пазироии самимии ҷониби Тоҷикистон изҳори сипос карда, таъкид доштаанд, Тоҷикистон барои онҳо хеле муҳим аст, зеро қабл аз омадан Тоҷикистонро дӯст медоштаанд.
Гуруҳи филмбардорони арабӣ дар бештар аз 77 давлати дунё сафар карда, роҷеъ ба соҳаи сайёҳӣ ва анъанаву фарҳанги милии онҳо филмҳои гуногун таҳия кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |