Нашри рӯйхати корхонаю ронандаҳои “ҷаримагурез” аз сӯи "Шаҳри бехатар"
Маркази идоракунии «Шаҳри бехатар», ки тариқи дастгоҳҳои назоратӣ нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо сабт мекунад, рӯйхати нави ронандаҳои “ҷаримагурез”-ро нашр кардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод бархе ронандаҳо дар даҳҳо ҳолат даст ба қоидавайрокунӣ зада, то ҳол ҷаримаашонро пардохт накардаанд. Маркази идоракунии “Шаҳри бехатар” дар феҳрасти ронандаҳои ҷаримагурез аз ҷумла номбар кардааст:
- ронандаи автомашинаи тамғаи «ДЭУ-Сиело» аломати қайди давлатиаш ВН0743РТ01 – Сангова Наргис Нарзуллоевна - 37 далел,
- тамғаи «Форд» АК7441РТ01 ронандааш Усмонов Камолиддин Наҷмиддинович – 27 далел,
- тамғаи «КИА-Соренто» аломати қайди давлатиаш АН5080РТ01 ронандааш Ҳалимов Ислом -170 далел,
- тамғаи «Фолксваген-Пассат» 0709ВХ01 таҳти идораи ронанда Мукарамова Марҳабо – 170 далел,
- тамғаи «БМВ-Х6» 8192АС01 ронандааш Султонов Ҷамшед Рустамович -79 далел,
- тамғаи «Опел-Астра» 6959ВМ01 ронандааш Ҷамолов Ҳайбулло Сафарович - 58 далел,
- тамғаи «Тойота-Авалон» 6714АМ01 ронандааш Сайфуллоев Наврӯз Ҷураевич – 38 далел.
Инчунин “Шаҳри бехатар” эълон кардааст, ки қоидвайронкунӣ бо бархе аз мошинҳои ниҳодҳои давлатӣ ва ширкатҳои тиҷорӣ низ ба қайд гирифта шудаанд, ки ҷаримаашон то ҳол пардохт нагардидааст. Ин ниҳод аз ҷумла мошини «ДЭУ-Ласетти»-и Роҳи оҳани Тоҷикистон бо 58 далели қоидвайронкунӣ, мошини «Хундай-Санта Фе»-и Намояндагии корпоратсияи Хитой оид ба сохтмони роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 32 далели қоидавайронкунӣ ва «Опел-Астра»-и КВД нафтугаз ва ангишти Вазорати энергетикаи Тоҷикистон бо 28 далели қоидавайрокуниро мисол овардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |