ВИДЕО: Парлумони Тоҷикистон ҳабси фоҳишаҳоро иҷозат дод
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, имрӯз, 14 октябр тағйиру иловаҳо ба Кодекси маъмуриро тасвиб кард, ки тибқи он ҷазо барои фоҳишагӣ шадидтар гардид.
Бахтовар Сафаров, вакили парлумон зимни муаррифии лоиҳа гуфт, тибқи тағйиру иловаҳо агар фоҳиша бори аввал боздошт шавад, аз 10 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (400-800 сомонӣ) ҷарима мешавад. Ӯ афзуд, ки агар ин нафар бори дуюм давоми як сол барои фоҳишагӣ боздошт гардад, нисбати ӯ ҷарима аз 20 то 40 нишондиҳанда (800-1600 сомонӣ) ё ҳабс ба муҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз татбиқ хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Вазорати умури дохилӣ аз афзоиши теъдоди фоҳишаҳо дар кишвар иттилоъ дода, хостори муҷозоти шадидтар барои фоҳишагӣ шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |