Вакили дифои Ҳусайнӣ: Парвандаи зерҳимояам “махфӣ” нест
Вакили дифои Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ хабари “муҳри махфӣ” гирифтани парвандаи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ-ро рад кард.
Ситора Азизова имрӯз, 15 октябр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, парвандаи зерҳимояаш “муҳри махфӣ” надорад ва тафтишоти пешакӣ дар асоси қонун ҷараён мегирад. Ӯ афзуд, рӯзи гузашта бо Ҳусайнӣ дидор дошт: “Мо озод наздаш медароем. Ягона шикояташ дурӣ аз зану фарзандҳояш мебошад”.
Қаблан, “Азия-Плюс” бо такя ба иттилои пайвандони аъзои боздоштшудаи ҲНИТ хабар дод, ки парвандаи онҳо “муҳри махфӣ” гирифтааст. Доштани маҳри махфӣ ба ин маъност, ки ироаи маълумот дар бораи баррасии парвандаҳо мумкин нест. На муфаттишон, на вакилони дифоъ ва на афроди дигар ҳаққи расонаӣ кардани онро надоранд. Аз ин пеш, парвандаи Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои аъзои боздоштшудаи ҲНИТ “махфӣ” шуда будаст.
Ситора Азизова, вакили дифои Саидумар Ҳусайнӣ мегӯяд, зерҳимояаш ба саволҳои муфаттишон озодона ҷавоб медиҳад: "Дирӯз як суол пайдо шуд ва наздаш даромадам. Бо дасти худаш посухҳоро навишт. Ӯ як шахси босавод ва олим аст, касе ҳақ надорад ба ӯ даст расонад. Тафтишот рафта истодааст, дар ҳолати исбот шудани бегуноҳӣ озод мешавад”.
Ба қавли хонум Азизова, бидуни иштироки вакили дифоъ касе назди Ҳусайнӣ намедарояд. Ӯ гуфт, аз замони боздошт танҳо бо як узви гуруҳи Абдуҳалим Назарзода рӯбарӯ карда шудааст, аммо аз шарҳи бештари ин рӯбарӯсозӣ худдорӣ кард.
Додситонии кулли Тоҷикистон 6 октябр аз боздошти 23 раҳбар ва аъзои Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хабар дода, гуфт, онҳо бо иттиҳоми анҷоми чанд ҷиноят муттаҳам мешаванд. Дар иттилоияи ин ниҳод гуфта мешуд, алайҳи ин афрод бо иттиҳоми терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ба таври зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, исёни мусаллаҳона ва чанд моддаи дигари Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |