Бахшҳо
15 окт 2015 11:32Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Парлумон фарзандхониро аз боҷи давлатӣ озод кард

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, имрӯз, 15 октябр тағйиру иловаҳо ба Қонун дар бораи боҷи давлатиро қабул кард, ки тибқи он фарзандхонӣ бе пардохти боҷи давлатӣ сурат мегирад.

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон ҳангоми муаррифии лоиҳа гуфт, тибқи тағйироту иловаҳо афроде, ки барои фарзандхонӣ ба судҳо муроҷиат мекунанд, аз пардохти боҷи давлатӣ озоданд.

Вазири маориф изҳор дошт, ки феълан барои фарзандхонӣ 1756 нафар дар навбат истодаанд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ дар Суғд 11 ҳазор ятиму бепарастор, Хатлон 14 ҳазор, ноҳияҳои тобеи марказ беш аз 11 ҳазор, Душанбе беш аз 5 ҳазор ва дар Бадахшон зиёда аз 1500 ятиму бепарастор иқомат доранд: “Дар 5 соли охир 3 ҳазору 925 кӯдак аз ятимхонаҳо ба фарзандхонӣ гирифта шудаанд, ки 627 нафарашон ба 9 моҳи соли равон рост меоянд”.

Нуриддин Саид илова намуд, ки соли хониши 2014-2015 шумораи ятимону бепарасторон дар мактаб - интернатҳо 46 ҳазору 218 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба солҳои пеш камтар мебошад.
Мӯҳр
Бисёр кори савоб шуд. Бовар кунед хуччатгузори вобаста ба фарзандхони аз хуччатгузории хариди хона ва мошин мушкил гаштааст.

Шохрух
Мухтарам вазир!!! Мактабхои миенаро низ аз назар мегузарондед хуб мешуд.Мо кариб 10 нафар гаштем бекор дар ватан дипломхо дар таги сандук!!Илтимос муаллимони мактабхои миенаро аз аттестация мегузарондед чунки 60%шон маьлумоти миена тохатто надоранд.40%-и дигараш кайхо ба нафака баромадаги лекин чои корро аз даст намедиханд..ба мудирияти мактаб мурочиат мекуни мегуянд чои кор нест!! Охир набошад барои чи хонда маьлумоти оли гирифтем??!! Выездмон махкам аст ки ба Руссия равем.Илтимос маслихат дихед...е шояд сайти вазири маорифро ягон кас медонад..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)