Интиқоди Амрико аз нақзи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷии Амрико дар гузориши ҷадидаш аз ҳукумати Тоҷикистон интиқод намудааст, ки бо баҳонаи мубориза бо терроризму экстремизм озодиҳои диниро нақз мекунад.
Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи 14 октябр ҳангоми муаррифии гузориши байналмилалӣ оид ба озодиҳои динӣ-“Religious Freedom Report for 2014” изҳор доштааст, ки зуҳури гуруҳҳои экстремистӣ, аз қабили “Давлати исломӣ” боиси афзоиши нақзи озодиҳои динӣ дар сартосари ҷаҳон шудааст.
Дар гузориши Амрико аз ҷумла аз ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ интиқод шудааст, ки мубориза бо экстремизму терроризмро баҳона карда, гуруҳ ва афроди диниеро, саркӯб мекунанд, ки ба экстремизму зӯроварӣ рабте надоранд. Гузоришгарон таъкид кардаанд, ки чунин ҳолат махсусан дар Тоҷикистону Узбакистон ҷой дорад.
Ҷон Керрӣ дар ин робита изҳор доштааст, ки дар баробари мухолифат бо терроризм, Амрико инчунин мухолифи амали ҳукуматҳоест, ки аз истиллоҳҳои экстремизму терроризм сӯиистифода мекунанд, то фаъолияти гуруҳҳои муътадили диниро маҳдуд кунанд. Вазири хориҷии Амрико таъкид намудааст, ки ин роҳ на ба оромию субот, балки ба ноумедӣ, хашм ва эътирозҳо мебарад. Ҷон Керрӣ ҳушдор додааст, ки тафриқаандозию нақзи озодиҳои динӣ замина барои нооромиҳоро тавлид мекунад.
Гузориши Вазорати умури хориҷӣ дар мавриди озодиҳои динӣ ҳамасола таҳия шуда, риояи ҳуқуқи диндоронро дар кишварҳои ҷаҳон баррасӣ мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |