Ихроҷи хориҷиён аз Тоҷикистон 2,5 баробар зиёд шудааст
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ихроҷи хориҷиён аз кишвар дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 2,5 баробар афзоиш ёфтааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод тайи нуҳ моҳи соли равон 176 шаҳрванди хориҷӣ бо қарорҳои суд аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда шудаанд. Хадамоти муҳоҷират мегӯяд, соли 2014 теъдоди хориҷшудагон аз Тоҷикистон 76 нафарро ташкил медод.
Манбаъ таъкид намуд, ки инчунин дар нўҳмоҳаи соли ҷорӣ нисбати 289 шаҳрванди хориҷӣ протоколҳои ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ тартиб дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45 адад зиёд мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |