Бахшҳо

WEF: Судҳои тоҷик мустақилтарин дар ИДМ мебошанд

Анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ - WEF дар гузориши ҷадидаш оид ба рақобатпазирӣ барои солҳои 2015-2016 мустақилияти судҳо дар 140 кишвари ҷаҳонро баҳогузорӣ карда, судҳои Тоҷикистонро мустақилтарин дар қаламрави Иттиҳоди давлатҳои мустақил хондааст.

Ин Анҷуман таъсири ҳукумат, шахсони алоҳида ва ширкатҳоро ба ҳокимияти судӣ аз 1 то 7 хол баҳо дода, Тоҷикистонро бо 4,09 хол миёни 140 кишвари дунё дар мақоми 58-ум ҷой додааст. Тибқи баҳогузории WEF 1 хол нишонаи пойбандии кул ва 7 хол нишонаи мустақилияти комил буда, холҳои Тоҷикистон аз 3,59-и соли гузашта, имсол то ба 4,09 афзоиш ёфтаанд.

Тибқи раддабандии WEF кишварҳои дигари ИДМ аз нигоҳи мустақилияти ҳокимияти судӣ дар пайи Тоҷикистон ҷой гирифтаанд: “Аз ҷумла миёни 140 кишвари ҷаҳон Қазоқистон дар ҷои 72, Озарбойҷон-101, Арманистон106, Русия-108, Қирғизистон-109 ва Украина дар мақоми 132 қарор гирифтаанд”. Мустақилтарин судҳо дар ҷаҳон аз Заландияи Нав, Финляндия, Норвегия ва пойбандтаринашон аз Никарагуа, Бурундӣ ва Венесуело арзёбӣ шудаанд.

Ин гузориш дар ҳолест, ки бархе аз коршиносон ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистонро пойбанди мақомоти иҷроия меноманд, ки аз доираи хостаҳои ҳукумат берун намеравад.


Дар акс: Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олии Тоҷикистон
Мӯҳр
:) Ин WEF чи гуна ташкилот бошад.

Kulobi
nomaqul kardast ki sudhoi Tojikistonro mustaqil medonand zero oditarin masala bedaxolati pasi pardagi hal nameshawad safi mahbusoni siyosi imsol afzud baraks solhoi peshin behtar bud... fahmidan darkor ki in anjuman moli kujost wa maqsadash chist tagi kosa nimkosa... Ozodagon!

в
Илтимос мардумро нахандонед. Казияхои Зайд Саидов ва Шухратберди Кудратов нишон доданд, ки судхои Точикистон фармонбардори хукуматанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)