Абдуҳалим Маҳмадалиев, раиси маҳаллаи ба номи «Корвонгузар» ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, муҳимтар аз ҳама он аст, ки шаҳрдорӣ бо сардории раиси шаҳр таваҷҷуҳ ба ҳоли мардум доранд. «Шояд дар шароити имрӯза аксари мушкилоти мардум бо сабабҳои гуногун ҳалли худро наёбад, вале мо миннатдор аз онем, ки ба ҳар ҳол ҳукумати маҳаллӣ ҷуръат кардаву бо мардум рӯ ба рӯ дар мусоҳиба меояд. Яъне, шаҳрдорӣ аз ҳоли сокинон бепарво нест».
Маврид ба ёдоварист, ин барои нахустин маротиба нест, ки раиси шаҳри Кӯлоб вохурӣ бо сокинонро ба роҳ мемонад. Ҳанӯз 3-сол муқаддам, аснои ба ин вазифа таъин шуданаш, Ҳамид Абдуллоев ин гуна ташаббусро рӯи роҳ гирифта буд. Баъди вохӯриҳо, баъзе аз проблемаҳои бардоштаи аҳолӣ ба таври мусбӣ ҳал гашта буданд.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |