Хабари хуши Хонма ба Нуралиев ва вазифаҳои тими нави Бонки Миллӣ (АКС)
Масару Хонма, директори Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд оид ба кишварҳои Осиёи марказӣ дар мулоқот бо Ҷамолиддин Нураллиев, муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон изҳор доштааст, ки ба Душанбе бо хабари хуш омадааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Бонки Миллӣ, Масару Хонма, ки барои иштирок дар Форуми байналмилалии соҳибкорӣ–2015 дар Душанбе қарор дорад, дар мулоқот бо Нуралиев изҳор доштааст, ки хабари хушаш ба ҳозирин афзоиши сармоягузории БАТР дар Тоҷикистон аст: “Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд то охири соли равон ҳаҷми сармоягузории худро дар Тоҷикистон то 200 миллион доллар мерасонад”.
Бонки Миллӣ мегӯяд, солҳои пеш ин нишондиҳанда аз 20 то 40 миллион долларро ташкил медод. Масару Хонма афзудааст, ки Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар ихтиёри худ захираҳои зиёди молиявии озод дорад ва омодааст бо тамоми бонкҳои ҷумҳурӣ ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ монад, онҳоро дастгирӣ намояд.
Ҷамолиддин Нуралиев дар навбати худ изҳор доштааст, ки бахши бонкӣ яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад: “Бинобар ин, мо - тими нави бонк вазифадорем тамоми чораю воситаҳоро андешем, то ки имсол ва соли оянда аксари соҳаҳои иқисодиёт рушд намоянд”.
Муовини аввали раиси Бонки Миллӣ илова намудааст, ки имсол дороиҳои ташкилотҳои қарзӣ то 18 млрд. сомонӣ, уҳдадориҳои онҳо то 15 млрд. сомонӣ, пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳо то 8,5 млрд сомонӣ зиёд шуданд: “Сатҳи таваррум дар нуҳ моҳи соли равон ҳамагӣ 3,6 фоизро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта хело паст аст”.
Бонки Миллӣ мегӯяд, зимни мулоқот созиш шудааст, ки моҳи оянда як ҳайати нави намояндагии бонк барои музокирот ба Душанбе меояд ва масъалаи пешниҳоди кӯмаки техникӣ ва қарзро ба бахши бонкӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |