Раҳоии Самихон Қурбонов ва назари наздикони Ҳусайнӣ
Самихон Қурбонов, раҳбари пешини “Фононбонк”, ки аз наздикони Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҳизби манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад, аз боздошт раҳо шудааст.
Ин иттилоъро дар суҳбат бо "Озодагон" наздикони Қурбонов тасдиқ карда, афзуданд, ки ӯ баъди бозпурсии чандрӯза 13 октябр раҳо шудааст. Гуфта мешавад, ки феълан хазиначӣ ва муҳосиби “Фононбанк” дар боздошт буда, мавриди бозпурсӣ қарор доранд.
Қаблан иттилоъ дода шуд, Қурбонов, ки амаки Саидумар Ҳусайнӣ мебошад, дар иртибот ба фаъолияти гуруҳи террористии Ҳоҷӣ Ҳалим боздошт гардидааст.
Дар ҳамин ҳол аъзои хонаводаи Ҳусайнӣ изҳор доштанд, ки Самихон Қурбонов бо онҳо иртиботи наздик надоштааст: "Ӯ ошкоро алайҳи мавқеи сиёсии Саидумар Ҳусайнӣ баромад мекард ва талош мекард, ки наздик нашавад".
Ин дар ҳолест, ки чанде қабл Бонки миллии Тоҷикистон чанде пештар эълон кард, муваққатан аз 2 октябр дар “Фононбонк” маъмурияти навро таъин кард: “Мутобиқи қарори қабулшуда ҳайати маъмурияти муваққатӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи идораҳои марбутаи Бонки миллии Тоҷикистон ташкил карда шудааст”.
Масъулин мегӯянд, ба маъмурияти муваққатӣ дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда, барои беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСП “Фононбонк” чораҳои зарурӣ андешад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |