Бахшҳо

Баъди 4 моҳи боздошти Парвиз дар ИМА, падарашро дар Русия дастгир карданд

Кормандони пулиси Русия аз боздошти Алишер Шамсиев, шаҳрванди 50-солаи Тоҷикистон хабар додааст, ки бо дархости Душанбе дар пайгарди қонунӣ қарор дошт. Дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии вилояти Калуга гуфтааст, Шамсиев дар як амалиёти муштарак бо кормандони ФСБ дар ҳудуди ин вилоят дастгир шуд.

Моҳи июни соли ҷорӣ, писари Алишер -- Парвиз Шамсиеви 22-сола дар штати Вирҷинияи Иёлоти муттаҳидаи Амрико боздошт шуда буд. Дар эълоне, ки сомонаи “Интерпол” дар бораи падару писар-Шамсиевҳо нашр кард, гуфта мешавад, Парвиз Шамсиев, зодаи шаҳри Душанбе, 22 сол дошта, донандаи забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад.

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон падару писар - Алишер ва Парвиз Шамсиевҳоро дар он айбдор мекунанд, ки гӯиё 600 ҳазор доллари Музаффар Саймуддинов, соҳибкор ва узви Шӯрои машваратии назди президенти Тоҷикистонро аз худ кардаанд. Тибқи иттилоияи ин ниҳод, ки қаблан нашр кард, "кормандони Раёсати кофтукови ҷиноии Вазорати умури дохилӣ муайян кардаанд, ки шаҳрвандон Шамсиев Алишер Абдумутолибович, соли таваллудаш 1965 ва Шамсиев Парвиз Алишерович соли таваллудаш 1992, сокинони кӯчаи Шамсии пойтахт, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт мардумфиребӣ мекардаанд".

Манбаъ афзуд, Шамсиевҳо давоми солҳои 2010-2013 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Саймуддинов Музаффар Муҳриддинович соли таваллудаш 1965, сокини кӯчаи Самарқанди ноҳияи Исмоили Сомонӣ даромада, аз ӯ 600000-доллари амрикоиро гирифта, ваъда додаанд, ки бар ивазаш ба номи ӯ суратҳисоб кушода медиҳанд: “Аммо ваъдаашонро иҷро накардаанд”.

Музаффар Саймиддинов, ки ба иттилои ВКД мавриди фиреб қарор гирифтааст, узви Шӯрои машваратии назди президент оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ аст, ки бахши хусусии Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад. Ӯ инчунин роҳбарии ширкати сайёҳии “Кафолат”-ро ба уҳда доштааст.
Мӯҳр
Дар ин чо савол ба миён меояд ки ин корманди "шурои машваратии призидент оид ба бехтар кардани фазои сармоягузори" ин маблаги калонро аз кучо ёфтааст ва бо кадом рохо

Узви Шӯрои машваратии назди президент оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ 600 хазор долларро чи гуна чамъ карда бошад. Магар машваратчи ин кадар маблаг барои машварат чамъ карда метавонад. Нахуст сарчашмаи пайдоиши ин сарчашмаро омухтан лозим. Ана мавзуи тадкикоти журналисти.

Darvesh
600 000$ AZ KUJO???????????

Одами ин хел калон "хамаи тухмхоро дар як сабад" намемонад. О аз овозаю дарвоза кардана дигароша хурда гард, обруи набудагита чи мерезони? "жадность губит фраера".

уе
Darvesh,
Навиштаанд ку у сохибкор аст. Сохибкори хуб аз 600 хазор зиедтарашро хам меебад. Узви шурои чамиъяти оид ба фазои маблаггузори ин вазифиаи чамъиятист. Он чо маош нест.

Кулябец
Аз кучо ин кадар маблагро ёфтааст? Камбагалхо ин маблагро дар хоб хам намебинанд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)