Озмоиш не, реалӣ: Видеои ҳамёндуздӣ дар Душанбе...
Дастгоҳи назоратии яке аз нуқтаҳои хизматрасонии гузаргоҳи зеризаминии назди “Автовакзал”-и Душанбе як ҷавонеро сабт кардааст, ки дар рӯзи равшан ҳамёни пули ҷавонзанро дуздидааст.
Қазияи ҳамёндуздӣ 9 октябр замоне рух додааст, ки ҷавонзан бо ду фарзанди мактабхонаш ба нуқтаи хизматрасонии табъу нашр муроҷиат карда, мехоҳад маводе чоп кунад. Дар наворе, ки дастгоҳи назоратӣ сабт кардааст, ҷавон гӯиё дар навбат истода, бо истифода аз фурсат даст ба ҷузвдони зан бурда, ҳамёни пулашро дуздида фирор мекунад. Дар ин маврид зан огоҳ шуда, баъди тафтиши ҷузвдонаш барои боздошти дузд кӯмак мехоҳад.
Шоҳидони ҳодиса дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, атрофиён он ҷавонро боздошт карда, барои дуздӣ чанд мушт заданд ва баъди гирифтани ҳамён раҳо кардаанд.
Нашри ин навор дар ҳолест, ки чанд рӯзи қабл дар хиёбони марказии Душанбе озмоиши видеоӣ гузаронда шуд, ки агар роҳгузаре ҳамёни пулро ғалтонад, вокуниши дигарон чӣ гуна хоҳад буд? Дар ин озмоиши видеоӣ аз миёни даҳҳо роҳгузар танҳо дар як ҳолат гуруҳи ҷавонон ҳамёнро бардошта, ба ҷои баргардондан ба соҳиб роҳашонро идома доданд.ВИДЕОИ ҲАМЁНДУЗДӢ ДАР ИН ҶОСТ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |