Таҳдиди 6 соли зиндони ду табааи Тоҷикистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз
Фирдавс Сулаймонов ва Ризо Шарипов, ду шаҳрванди Тоҷикистон дар убури ғайриқонунии марзи Русия муттаҳам мешаванд.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, нисбати ин ду нафар бар асоси моддаи 322 қисми 3-и Кодекси ҷиноии Русия (убури ғайриқонунии марзи давлатии Русия бо маслиҳати пешакӣ) парванда боз шуда, тақдири онҳоро Додгоҳи Исилкули вилояти Омск ҳал хоҳад кард. Дар сурати исботи гуноҳ онҳоро то шаш соли зиндон интизор аст.
Ба иттилои манбаъ, ин ду шаҳрванди Тоҷикистон, ки қаблан шартҳои муҳоҷиратро нақз кардаанд, бо роҳи ғайриқонунӣ ба ҳудуди Русия ворид гардидаанд: “Прокуратураи вилояти Омск мегӯяд, 15 июли соли равон дар нуқтаи назоратии “Исилькуль-автодорожный” кормандони ФСБ онҳоро барои қоидавайронкуниҳои қаблияшон ба ҳудуди Русия роҳ надодаанд. Баъди чор рӯз тоҷикон ғайриқонунӣ сарҳадро убур карда, аз сӯи марзбонҳо боздошт шудаанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |