Узбакистон: Сокинонро маҷбур кардаанд, пахтаҳои чидашударо ба буттаҳо часпонанд
Мақомоти вилояти Фарғонаи Узбакистон сокинони маҳаллиро маҷбур кардаанд, пахтаи чидашударо ба буттаи он бичаспонанд. Дар ин бора расонаҳои Узбакистон хабар додаанд.
Ба иттилои ВАО, ин кор ба хотири боздиди Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон аз вилояти Фарғона ва нишон додани “ҳосили фаровон” анҷом шудааст. Расонаҳо аз қавли шоҳидон навиштаанд, чунин тасмим дар ноҳияи Қуштеппаи вилояти Фарғона гирифта шудааст. Мақомоти ин ноҳия гуфтаанд, чунин амр аз маъмурияти вилоят омадааст. “Гуфта шуд, ки қад-қади шоҳроҳ саҳрои сафед дуруст шавад. Роҳе, ки қарор буд мансабдорони давлатӣ аз он ҷо гузар мекарданд”,-навиштаанд расонаҳо аз қавли шоҳидон.
Кишоварзони ноҳияи Қуштеппа ин хабарро ба расонаҳо тасдиқ кардаанд. Ба гуфтаи яке аз ин деҳқонон, ба ин кор тақрибан 500 кас ҷалб шудаанд. Аммо ба навиштаи расонаҳо раҳбари ҳукумати Узбакистон ба ин ноҳия наомадааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |