Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Лукашенко
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 13 октябр бо Александр Лукашенко, ки такроран президенти Беларус интихоб шуд, суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон Александр Лукашенкоро бори дигар ба муносибати пирӯзии боэътимодаш дар интихоботи президентии Ҷумҳурии Белорус самимона табрику таҳният гуфта, аз нав ба ин мақоми олӣ интихоб шудани ӯро нишонаи боварию эътимоди қавии мардуми кишвараш ба сиёсати пешгирифтаи ӯ маънӣ дод.
Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, ки ин хабарро бо шодмонӣ дарёфт ва изҳори бовар намудааст, ки ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Белорус ба нафъи ду мардуми дӯсту бародар минбаъд беш аз пеш рушду густариш меёбад: “Сарони ду давлат ҳамчунин доир ба роҳҳои татбиқи амалии нақшаю барномаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Белорус ва атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯй анҷом доданд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |