Суҳбати ошкорои Терехова: Падари писарам аз Тоҷикистон аст

Маргарита Терехова, ҳунарманди машҳури синамо ва театри Шӯравию ИДМ барои якумин бор дар суҳбат бо шабакаи аввали телевизиони Русия ошкоро таъкид кардааст, ки падари писари 34-солааш тоҷикистонист.
Тереховаи 73-сола, ки то ҳол аз суҳбат дар бораи ҳаёти шахсияш худдорӣ мекард, дар филми мустанади шабакаи аввали телевизиони Русия бо номи "Маргарита Терехова. Отцы и дети" иқрор шудааст, ки бо падари писари 34-солааш дар Тоҷикистон шинос шудааст: “Духтарам Анна падараш-Савва Ҳошимов, ҳунарманди машҳури булғориро дидааст ва мешинохт. Аммо писарам-Александр то ҳол падарашро надидааст”.
Маргарита Терехова изҳор дошта, ки падари Александр марди шарқӣ буда, табиатан ҳунарманд аст.
Александр Терехов, писари Маргарита Терехова, ки дар 34 соли ҳаёташ дар бораи кӣ будани падараш фарзияҳои гуногун - аз қабили Андрей Тарковский, Игор Талков, Александр Кайдановский ва ғайра шунидааст, дар доираи филми шабакаи аввал ба кофтукоби падараш ба Тоҷикистон омадааст.
Ҷузъиёти саргузашт ва мулоқоти Александр Терехов бо падараш дар Тоҷикистон соати 10:55-и 17 октябр дар филми мустанади "Маргарита Терехова. Отцы и дети" намоиш дода мешавад.
Қаблан расонаҳои Русия номи падари Александр Тереховро - Сайфиддин Тураев, ходими давлатии замони шӯравӣ, соҳибкор ва номзад ба мақоми раисиҷумҳури Тоҷикистон дар соли 1999 ном бурданд. Аммо худи Тураев падарии фарзанди Маргаритаро рад карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |