Пажуҳиш: Мошинҳои “Toyota”-и ДИИШ-ро Амрикову Бритониё фиристодаанд
“Пажуҳишгоҳи сулҳ ва тавсеаи Рона Пола”-и Амрико таҳқиқотеро мунташир кардааст, ки бар асоси он худравҳои “Toyota”-и мутаалиқ ба ДИИШ аз Амрико ва Бритониё расидаанд.
Қаблан Шӯъбаи зиддитеррористии Вазорати молияи ИМА аз ширкати “Toyota” хоста буд, ба дасти ҷангиёни ДИИШ расидани худравҳои “Toyota Hilux”, “Toyota Tacoma” ва “Toyota Land Cruiser”-ро шарҳ бидиҳад. Ин ниҳоди амрикоӣ иддао дорад, соли 2012 таҳвил додани мошинҳо ба Сурия расман мамнӯъ шуда буд. Аммо муаллифони ин таҳқиқот мегӯянд, Вазорати молия бояд ин шарҳро аз Департаменти давлатии Амрико ва ҳукумати Бритониё бихоҳад, ки ба гуфтаи онҳо соли 2013 ва 2014 ин худравҳоро ба “Артиши озоди Сурия” дода буд.
Тони Карталуччи, сиёсатшинос ва яке аз муаллифони ин таҳқиқот аз қавли Оубаи Шоҳбандар, мушовири неруҳои эътилофии Сурия гуфтааст, Департаменти давлатии Амрико ба “Артиши озоди Сурия” 43 адад “пикап” фиристодааст. Дар иттилоияи “Пажуҳишгоҳи сулҳ ва тавсеаи Рона Пола” омадааст, “агар Амрико суоли чӣ гуна ба дасти ДИИШ расидани худравҳои “Toyota”-ро дар миён гузорад, ҳама фикр мекунанд, онҳо дар ин ҷо нақши муайяне доштаанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |