Даъвати ниҳоди Р.Эмомалӣ алайҳи мансабдорони фасодкор
Оҷонсии зидди фасод, ниҳоди тобеи Рустами Эмомалӣ бо пахши як гузориш дар бораи фасодкориҳои масъулини давлат, таъкид кард, ки ин зуҳурот боиси ноумедӣ ва коҳиши боварии ҷомеа ба мақомот мешавад.
Ин ниҳод шоми 12 октябр бо пахши як гузориш тариқи шабакаҳои давлатӣ аз даст задани мансабдорон ба фасод иттилоъ дода, таъкид намуд, ки бархе аз намояндагони давлат ба ҷои мубориза бо фасод худашон дастандаркор мебошанд. Ниҳоди тобеи Рустами Эмомалӣ таъкид намуд, ки фасодкории мансабдорони давлатӣ дар шаҳрвандон ҳиссиёти ноумедиро тавлид намуда, боиси нобоварии онҳо ба мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ мешавад.
Оҷонсии зидди фасод аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват намуд, ки алайҳи фасодкорӣ фаъол бошанд ва дар сурати дучор шудан ба фасод фавран бо телефони боварии Оҷонсӣ– 227 57 21, 234 65 78, 234 30 51 дар тамос шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |