Хабари захмӣ шудани Бағдодӣ, раҳбари гуруҳи террористии “Давлати исломӣ”
Ба навиштаи хабаргузориҳои эронӣ, Абубакр ал-Бағдодӣ, раҳбари гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” дар пайи бомбаборон шудани минтақаи Анбар аз сӯи неруҳои ҳавоии Ироқ захмӣ шудааст.
Тибқи иттилои манобеъ, дар пайи ин ҳамлаҳо се тан аз муовинони ал-Бағдодӣ -- аш-Шишонӣ, ас-Сурӣ ва Абу Саид ал-Карбулӣ кушта шудаанд. Дар натиҷаи ин зарбаи ҳавоӣ, саркардаҳои дигари ДИИШ, бо шумули Абу Анис ас-Сурӣ, Умар ва Абу Камол низ нобуд шудаанд. Хабаргузориҳои эронӣ навиштаанд, ҳамлаи ҳавоӣ замоне сурат гирифтааст, ки гуруҳи ДИИШ бо сарварии ал-Бағдодӣ дар роҳ ба сӯӣ шаҳраки Карбало қарор доштаанд.
Моҳи сентябри соли сипаришуда низ бархе расонаҳо гуфтанд, Бағдодӣ дар пайи як ҳамла кушта шудааст, аммо Вазорати дифои Ироқ ин хабарро рад карда буд.
Моҳи декабри соли 2014 Иёлоти муттаҳидаи Амрико эълон кард, барои нафаре, ки макони буду боши Абубакр Бағдодиро пайдо мекунад, 10 миллион доллар мукофот медиҳад. Он вақт гуфта мешуд, инчунин барои пайдо ва боздошт кардани Айман Завоҳирӣ, раҳбари созмони террористии “ал-Қоида” 25 миллин доллар тақдим хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |