Дар ҳамин ҳол, дар 9-моҳи ҳисоботӣ кормандони молияи минтақа нақшаи даромадро 110-фоиз иҷро карда, ба хазинаи буҷа 56-миллиону 891-ҳазор сомонӣ ворид кардаанд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда беш аз 5-миллиону 300-ҳазор сомонӣ будааст. Маоши кормандони соҳаи буҷавӣ, нафақа ва идрорпулӣ низ ба пуррагӣ таъмин гаштааст. Давлатов мегӯяд, ягона мушкили раёсат, ин қарздорӣ аз қувваи барқи истифодашуда дар ташкилоту корхонаҳои буҷавӣ будааст. Ба иқрори ӯ, тӯли 9-моҳи имсол қарзи барқ зиёда аз 110-ҳазор сомониро ташкил медиҳад. «Сабаби асосии қарзи ташкилотҳо ин сари вақт васл нашудани ҳисобкунакҳои барқӣ мебошад. Ҳамакнун, қисмати зиёди корхонаҳои буҷавӣ ба ҳисобкунакҳо таъмин гаштан доранд, ки дар кӯтоҳтарин муддат ин мушкил ҳам ҳали худро хоҳад ёфт», -афзуд манбаъ.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |