Э.Раҳмон пирӯзии 5-уми Лукашенкоро шаҳодати сиёсати дуруст хонд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо ирсоли як паём ҳамтои белорусаш Александр Лукашенкоро бо пирӯзӣ дар интихоботи навбатии раисиҷумҳур шодбош гуфтааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш изҳор доштааст, ки хабарии пирӯзии қотеонаи Александр Григоревичро бо хурсандии махсус қабул кардааст. Эмомалӣ Раҳмон интихоби дигарбораи Александр Лукашенкоро шаҳодати боварии мардум ва дурустии сиёсати ӯ хондааст, ки кишварро ба сӯи рушд мебарад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон омодагияшро барои густариши ҳамкорӣ бо Белорусия баён карда, ба Александр Григоревич саломатию умри бардавом ва дар фаъолияташ муваффақият таманно намудааст.
Александр Лукашенко дар интихоботи президентии 11-уми октябр бо 83,49%-и овозҳо барои бори 5-ум раисиҷумҳури Белорусия интихоб гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |