Дар Душанбе китоби “Эмомалӣ Раҳмон: Саломатии миллат сарвати бебаҳост” нашр шудааст
Нашриёти “Андалеб”-и Душанбе ахиран китоби “Эмомалӣ Раҳмон: Саломатии миллат сарвати бебаҳост”-ро нашр кардааст.
Ин китоб ба қалами Нарзулло Латифов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон таалуқ дошта, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо сарпарастии Кумитаи миллии олимпии кишвар ба табъ расидааст.
Дар он суханрониҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди варзиш ва қонун, қарору барномаҳои ҳукумат, ки фаъолияти соҳаи варзишро ба танзим медароранд, гирд оварда шудаанд. “Эмомалӣ Раҳмон: Саломатии миллат сарвати бебаҳост” дар бораи дастовардҳои варзишгарони тоҷик ва сохтмону навсозии иншооти варзишӣ дар кишвар дар замони истиқлол қисса мекунад.
Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон гуфтааст, аввалин нусхаи ин китоб ба Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи мавлудаш - 5 октябр туҳфа гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |