Бахшҳо

“Тоҷикстандарт”: 60 тон хурмои муҳлатгузашта ба “Абад Тиҷорат Каспиян” тааллуқ дорад

Маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд мегӯяд, 60 тон хурмои хушки эронии муҳлати истеъмолаш гузашта, ки ахиран дар истгоҳи роҳи оҳани “Спитамен” ошкор шуд, ба ширкати “Абад Тиҷорат Каспиян”-и Ҷумҳурии исломии Эрон мутаалиқ будааст.

Маҳкамбой Каримов, масъули дафтари матбуотии “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд ба хабаргузории “Озодагон” гуфт, санҷиши мутахассисони марказ дар ҳамкорӣ бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва намояндагони гумрук нишон дод, 58 ҳазору 552 кг хурморо ширкати “Абад Тиҷорат Каспиян”-и Эрон рӯзи 13 июни соли равон ворид карда, тайи зиёда аз 3 моҳ бинобар иҷозат надодани ирсолкунанда молҳои воридотӣ, яъне хурмои истеҳсоли Эрон бо сабаби ба талаботи стандарт ҷавобгӯ набудан, ба расмият дароварда нашуд.

Ӯ мегӯяд, аз рӯйи талаботи қонунҳои Тоҷикистон, молҳои пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузаштаи дар ҳудуди кишвар ошкоргардида бояд давоми 10 шабонарӯз ба ҷумҳурии ирсолкунанда “реэкспорт”, яъне баргардонда ва ё дар асоси талаботи қоидаҳои муайяннамудаи қонун нобуд карда шавад: “Аз сабаби хароҷоти зиёд доштани интиқоли маҳсулот ба мамлакати ирсолкунанда намояндаи ширкат, баъди гузашти беш аз 3 моҳ бо дархости худ барои нобудсозии маҳсулот ба Маркази Тоҷикстандарт муроҷиат намуд”.

Ҷаноби Каримов афзуд, мутахассисони марказ бо иштироки комиссия ва намояндагони ширкат аз ин маҳсулот намуна гирифта, ба озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрокворӣ ва хоҷагии қишлоқи Марказ ва ташхисгоҳи Хадамоти назорати давлатии бойторӣ барои ташхис супориданд: “Натиҷаи ташхис нишон дод, ки шакли меваҳо вайрон шуда, пӯстпардаи меваҳо дарида, дар сатҳи меваҳо доғҳои рангашон хокистарӣ мавҷуд мебошад ва инчунин, ҷудошавии хамираи рангаш зард ба назар расида, аз рӯйи зиёд будани миқдори бактерияҳои мағор ба талаботи стандарт ҷавобгӯ намебошад ва истеъмоли он барои саломатии инсон зарар дорад”.

Маркази “Тоҷикстандарт” дар арафаи моҳи шарифи Рамазон низ аз ошкор шудани 41 ҳазор кило хурмои эронии муҳлатгузашта, ки ҳамчунин ба ширкати “Абад Тиҷорат Каспиян” тааллуқ дошт, хабар дода гуфта буд, онро бо роҳи зери хок намудан, нобуд кардаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)