Тошканд сарбози аз қатор афтодаи Тоҷикистонро бозпас дод
Кумитаи марзбонии Хадамоти давлатии амнияти миллии Узбакистон мегӯяд, Ф.Раҳматзода, сарбози қатории тоҷикро, ки рӯзи 4 октябр аз қатори хатсайри “Конибодом-Душанбе” афтидааст, бозпас ба мақомоти тоҷик додаанд.
Тибқи иттилоияи ин ниҳод 4 октябр, соати 22:20 дақиқа кормандони шуъбаи милисаи ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхандарё дар назди роҳи оҳани истгоҳи Деҳнав, Ф.Раҳматзодаро пайдо кардаанд, ки аз қатор ғалтида ҷароҳатҳои гуногун бардоштааст: “Бо назардошти ҳолати вазнини саломатӣ Раҳматзода дар бемористон бистарӣ шуд ва тайи ду шабонарӯз дар ҳолати беҳушӣ қарор доштааст”.
Мақомоти Узбакистон таъкид мекунанд, ки сарбози маҷруҳи тоҷикро намояндаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, подполковник А.Исломов низ ҳамроҳӣ мекардааст. Хадамоти марзбонии Узбакистон афзуд, ки баъди беҳбуди вазъи Раҳматзода рӯзи 7 октябр низомиёни тоҷик ба мақомоти Тоҷикистон супорида шуданд. Феълан мақомоти Тоҷикистон ин қазияро шарҳ надодаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |