ВИДЕО: Вазорат омӯзгори "муштзан"-ро меҷӯяд...
Вазорати маорифи Тоҷикистон ба сохторҳои тобеаш дастур додааст, шахсияти омӯзгореро, ки шогирдашро латту кӯб кардааст, муайян намоянд. Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорат имрӯз, 12 октябр дар суҳбат бо "Озодагон" гуфт, дастури вазорат ба тамоми сохторҳои ин ниҳод равона шуда, таҳқиқи қазия идома дорад.
Дастури вазорат дар ҳолест, ки навори 15 сониягии латту кӯби талабаи синфҳои болоии яке аз мактабҳои Тоҷикистон аз ҷониби омӯзгор охири ҳафтаи гузашта дар шабакаи интернет баҳси шадид барангехт. Дар навор, ки зоҳиран пинҳонӣ аз ҷониби яке аз шогирдҳо дар телефони мобилӣ сабт шудааст, устод бо изҳори нороҳатӣ аз дермонии талаба бо тамоми қувва ба рӯи шогирд шаппотӣ мезанад. Сипас аз гӯшаш дошта, “падарлаънат ту ку аз отаат метарсӣ” гӯён зарбаи дигар аз пушти сари шогирд мезанад.
“Малим назанед, туалет рафтем, нарем маллим?”-мегӯяд шогирд, ки боз як зарбаи дигар мехӯрад. “Накун сарам дард мекунад”-идома дод шогирд, аммо устод боз ӯро гӯшмол карда, як зарбаи дигар мезанад.
Аксарияти корбарони интернет ин амали омӯзгорро маҳкум карда, таъкид намуданд, ки гарчанде ҷабри устод аз меҳри падар беҳ аст, ҳадду меъёр дар муносибат бо шогирд бояд нигоҳ дошта шавад. Ин навор рӯзи 9 октябр ба интернет роҳ ёфт ва феълан дақиқ нест, ки он дар кадоме аз макотиби Тоҷикистон сабт шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |