Омӯзиши генералу адмиралҳои Амрико дар Тоҷикистон
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон аз 8 то 12 октябри соли ҷорӣ генералу адмиралҳои амрикоиро дар Душанб мизбонӣ мекунад.
Тибқи иттилои сафорат генералу адмиралҳо-иштирокчиёни давраи омӯзишии “КЭПСТОУН” мебошанд, ки дар доираи таҷрибаомӯзии минтақавии саҳроиашон дар Тоҷикистон қарор доранд.
Манбаъ мегӯяд, ҳангоми сафарашон ба Тоҷикистон ҳарбиёни Амрико бо намояндагони воломақоми Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот хоҳанд кард: “Инчунин баъд аз дидани Гӯшаи амрикоӣ шунавандагони барномаи “КЭПСТОУН” бо ҳамроҳии донишҷӯёни тоҷик дар мизи муддавар зиндагию фарҳанги Амрико ва Тоҷикистонро муҳокима мекунан. Рӯзи душанбе онҳо рӯзи аввали давраи омӯзишии аз ҷониби ИМА барои Гвардияи миллӣ ва ДТММ ташкилшударо мушоҳида мекунанд. Ин омӯзишҳо, ки ба иқтидори мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар тамаркуз шудааст ва аз соли 2006 гузаронда мешаванд, фақат яке аз мисоли барномаҳои зиёди кӯмакрасон дар соҳаи амният, ки Сафорати ИМА солона мегузаронад”.
Сафорат мегӯяд, иштирокчиёни барномаи “КЭПСТОУН” барои беҳтар фаҳмидани таъриху фарҳанги беҳамтои Тоҷикистон дар осорхонаю бозорҳо, боғҳои Душанбе ва қалъаи Ҳисори асри 18 сайру гашт хоҳанд кард.
Барномаи “КЭПСТОУН” барои ҳамаи генералу адмиралҳои навтаъиншуда соли 1982 таъсис ёфта, ҳадафи омӯзиши мазкур баланд бардоштани малакаҳои банақшагирӣ ва ҷалби қувваҳои ИМА дар амалиётҳои муштарак мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |