Ҳамовозии Каримов ва Бердимуҳаммедов дар мавриди обу “НБО”
Узбакистон ва Туркманистон ҳамовозии худро дар мавриди истифодаи оби дарёҳои фаромарзии минтақаи Осиёи Марказӣ эълон кардаанд.
Тибқи иттилои мақомоти Узбакистон 8 октябр дар доираи сафари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба Тошканд мулоқоти ӯ бо ҳамтои узбакаш Ислом Каримов баргузор гардидааст: “Дар мулоқот ҳамовозии ду ҷониб дар масоили истифодаи об баён гардид”. Ба иттилои манбаъ ҷонибҳо таъкид кардаанд, ки бе назардошти манофеи кишварҳои поёноб дар болооби дарёҳои Осиёи Марказӣ набояд нерӯгоҳҳои бузург бунёд гарданд.
Ин дар ҳолест, ки Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Узбакистон 25 сентябр зимни суханронияш аз минбари Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк алайҳи бунёди нерӯгоҳҳои бузург дар ҳавзаи дарёҳои Аму ва Сир баромад карда буд.
Расонаҳои Узбакистон дар пайи нашри ин хабарҳо зикр кардаанд, ки Тошканд алайҳи бунёди нерӯгоҳи “Роғун” дар Тоҷикистон ва Қамбарота дар Қирғизистон баромад мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |